Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, ғолибони он муайян гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Хотиррасон менамоем, ки Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 км 97м, аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» оғоз гардида дар назди муҷасамаи шоҳ Исмоили Сомонии пойтахт анҷом ёфт.
Дар мусобиқа дастаҳо аз 22 шаҳри бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои дорои паймони ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки ғолибону ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе дар соли 2024 ба таври зайл муайян шуданд:
Миёни мардон:
- Виталий Шафа (Украина) 1:04,37 (38 500 сомонӣ)
- Отабек Тошқуватов (Узбекистон) 1:06, 18 (33 500 сомонӣ)
- Нодирбек Матолибов (Узбекистон) 1:06,24 (27 500 сомонӣ)
- Рахимжан Калманов (Қазоқистон) 1:06,31 (22 000 сомонӣ)
- Ойбек Маҳмадаминов (Узбекистон) 1:06, 59 (19 800 сомонӣ)
- Юрий Чечун (Русия) 1:07,46 (16 500 сомонӣ)
Миёни занон:
- Азуахон Мирзахбарова (Узбекистон) 1:18,44 (38 500 сомонӣ)
- Сергеева Виктория (Қазоқистон) 1:19, 25 (33 500 сомонӣ)
- Маҳинабону Комилова (Узбекистон) 1:20,15 (27 500 сомонӣ)
- Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон) 1:25,03 (22 000 сомонӣ)
- Уляна Кузминова (Тоҷикистон) 1:25, 49 (19 800 сомонӣ)
- Маҳина Боронова (Тоҷикистон) 1:30, 12 (16 500 сомонӣ)
Ғолибон маблағҳои муқарраргардида сафароз гардонида мешаванд
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2023 бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Ниммарафони XIII байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доранд, аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд.
Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2023)
Мардон:
2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)
2011 – Михаил Биков (Русия)
2012 – Андрей Петров (Узбекистон)
2013 – Андрей Петров (Узбекистон)
2014 – Роман Романенко (Украина)
2015 – Юрий Чечун (Русия)
2016 – Либога Вилсон (Кения)
2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)
2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)
2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)
2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)
2022- Ту Лезарус (Кения)
2023 — Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)
Занон:
2010 – Надежда Поволяева (Русия)
2011 – Алёна Самохвалова (Русия)
2012 – Камила Ханипова (Русия)
2013 – Александра Дулиба (Беларус)
2014 – Ситора Ҳамидова (Узбекистон)
2015 – Юлия Чиженко (Русия)
2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)
2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)
2021 — Даря Маслова (Қирғизистон)
2022 — Теку Бкелу Абеб (Эфиопия)
2023 — Тунгускова Екатерина (Узбекистон)
Меҳрони Қурбон,
АМИТ «Ховар»
АКС аз АМИТ «Ховар»













Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






