ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 14.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар мусобиқа 16 дастаи беҳтарини қора дар 4 гурӯҳ иштирок менамоянд.
Се дастаи беҳтарин ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат мегиранд. Дастаи чорум дар бозии плей-офф бо яке аз дастаҳои мунтахаби қораи Африқо барои як роҳхати дигари олимпӣ талош меварзад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии Тоҷикистон баъди соли 2022 маротибаи дуюм аст, ки пайи ҳам дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






