ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд

Апрель 14, 2024 13:44

ДУШАНБЕ, 14.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола, ки  аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар мусобиқа  16 дастаи беҳтарини қора дар 4 гурӯҳ иштирок менамоянд.

Се дастаи беҳтарин ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат мегиранд. Дастаи чорум дар бозии плей-офф бо яке аз дастаҳои мунтахаби қораи Африқо барои як роҳхати дигари олимпӣ талош меварзад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи олимпии Тоҷикистон баъди соли 2022 маротибаи дуюм аст, ки пайи ҳам дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё иштирок менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 14, 2024 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид