ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад

Апрель 22, 2024 09:23

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи «С» бо тими Тайиланд бозӣ менамояд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, бозӣ имрӯз, 22 апрел дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и Давҳа баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 аз ғолиби феълии Ҷоми Осиё- тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ низ дастаи мунтахаби мо аз дастаи мунтахаби Ироқ мағлуб шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 22, 2024 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад