Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»

Апрель 23, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал Пайрав Воҳидов интизориҳояшро аз бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи мунтахаби футзали Афғонистон, ки 24 апрел дар шаҳри Бангкок баргузор мешавад, баён дошт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов, аз ҷумла, гуфт, ки «аз он натиҷае, ки то имрӯз ба даст овардем, фахр мекунем. Мо дар як гурӯҳи қавӣ будем ва бозӣ бо чемпиони феълии Осиё- дастаи мунтхаби Ҷопон хеле душвор буд, аз ин рӯ, мо хеле шодем, ки ба даври чорякниҳоӣ баромадем. Ҳоло мо бо дастаи мунтахаби Афғонистон боз як рақобати душвор дорем. Аз қувваи рақиб огоҳ ҳастем, чанд бор бо ҳамдигар бозӣ кардаем ва медонам, ки ин дастаи пурқувват аст. Онҳоро мешиносем ва онҳо низ моро хуб мешиносанд».

«Ҳадафи аслии мо дар Ҷоми Осиё-2024 то ҳадди имкон пеш рафтан ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон шудан аст. Умедворам, ки мо ба комёбӣ ноил шуда, ба даври нимниҳоӣ мебароем», — гуфт сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал Пайрав Воҳидов қабл аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Афғонистон.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 23, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд