Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал Пайрав Воҳидов натиҷаи бозии даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Афғонистон (2:1)-ро шарҳ дода, интизориҳояшро аз бозии нимфиналӣ бо дастаи Тайиланд иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Мо интизор доштем, ки бозӣ бо Афғонистон мушкил хоҳад буд. Бозигарони мо барои ноил шудан ба натиҷа зери фишор буданд. Ба бачаҳо гуфтем, ки бозии хуб нишон диҳанд ва асабонӣ нашаванд. Хушбахтона, бахт ба рӯи мо хандид. Ду сол пеш дар Ҷоми Осиё дар Кувайт ба марҳилаи чорякфиналӣ баромадем, вале баъдан мағлуб шуда будем. Ин дафъа мо тавонистем аз монеаи даври чорякфиналӣ гузашта, роҳхати таърихии қисми финалии Ҷоми ҷаҳонро ба даст орем. Ин эҳсосоти аҷибе аст, ки ман онҳоро бо сухан ифода карда наметавонам. Мехоҳам ба бозигарон барои фидокорӣ, иҷрои дастурҳои тактикӣ ва хоҳиши ғолиб шуданашон ташаккур гӯям»,-гуфт сармураббии даста.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Пайрав Воҳидов илова намуд, ки «бори аввал дар таърихи бозиҳоямон мо дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Осиё рақобат мекунем. Моро бо мизбони мусобиқа- дастаи Тайиланд бозии душвор интизор аст. Ин яке аз қавитарин дастаҳои Осиё аст, ки ду сол қабл дар Ҷоми Осиё дар Кувайт бо онҳо вохӯрдаем. Мо барои ғалаба бозӣ карда, то сонияҳои охирин мубориза мебарем. Фардо дастае, ки камтар иштибоҳ мекунад, пирӯз мешавад».
Бозии нимфиналӣ байни дастаҳои Тоҷикистон ва Тайиланд 26 апрел дар Бангкок баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






