Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд

Апрель 25, 2024 14:04

ДУШАНБЕ, 25.04.2024  /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.

Президенти мамлакат доир ба дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи мамлакат машғуланд, андешаҳои ҷолиб баён доштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани нозукиҳои техникаю технологияи муосирро амри зарурӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати мамлакат  ва ҳамкорӣ бо кулли ҷаҳон ҳамасола барои идомаи таҳсили ҷавонон квотаҳо ва барои муҳоҷирони корӣ санадҳои муҳими танзимкунандаи будубоши онҳо таҳия ва қабул мегарданд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуда, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуданд.

Мулоқот бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия 25.04.2024

Апрель 25, 2024 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд