Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд

Апрель 11, 2024 11:50

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии коммуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мегузарад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2023 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Дар давраи сохтмон беш аз 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Дар бинои иловагии навбунёди кӯдакистони “Наврӯзи Истиқлол” дар 16 гурӯҳ 480 кӯдак ва дар бинои асосии муассиса 360 кӯдак, дар маҷмуъ 840 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Айни замон 32 омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо зиёд карда мешавад.

Дар кӯдакистон дар назди ҳар синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудаанд.
Ошхонаи муассиса ба бинои асосӣ пайваст буда, он барои беш аз 480 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

Дар бинои асосии муассиса Осорхона ҳам мавҷуд аст, ки барои нигаҳдории аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аксу нигораҳои таърихӣ пешбинӣ шудааст.

Дар кӯдакистон 1 толор барои тамошои филмҳои тасвирӣ бо 210 ҷойи нишаст сохта шуда, бо тарҳи наву замонавӣ ва ба талаботи замони муосир муҷаҳҳаз гаштааст. Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Мавҷудияти ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари кӯдакистон маҳсуб мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳуҷраҳои машғулият ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон шинос шуда, ба масъулини боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Масоҳати умумии кӯдакистон 5 ҳазору 800 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1476 метри мураббаъро замини зери бино ташкил менамояд.

Ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудаанд, ки хоси дунёи кӯдакон мебошанд.

Дар ин рӯз шодиву нишоти дӯстрӯяконро ҳадду канор набуд, зеро ба онҳо Пешвои маҳбуби миллат туҳфаҳои идона тақдим карданд, ки аз ширинӣ ва бозичаҳои гуногун иборат буд.

Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон сабаб гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистони нав сохта, мавриди истифода қарор дода шаванд.

Дар ин муассисаи томактабӣ зиёда аз 46 нафар соҳиби кори доимӣ шуданд.

Фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расад.

Дар саҳни муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” 16 айвонча, фаввора ва 1 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулият мусоид аст.

Инчунин барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидаанд, ки самаранок истифода бурда мешаванд.

Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон барои машғулияти онҳо ҳамаи синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳазонида шудаанд.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазору 700 кӯдак тарбия мегиранд.

Омӯзгорону мураббиён кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфа ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароит фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд 11.04.2024

Апрель 11, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Роҳи Ҷамомати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 475 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Тавзеҳот ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии расмии нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак бинои Беморхонаи марказиро пас аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро мавриди истифода қарор доданд