Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан ҳамчунин бинои Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби кору фаъолият барои кормандони ин соҳа дар шаҳри Истаравшан сохта шудааст.
Фармоишгари бунёди иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, он дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Бинои хизматии Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшан)-и вилояти Суғд дар асоси талаботи имрӯза бо таҷҳизоти муосири назоратӣ таъмин мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро барои кору фаъолият ва хизмати содиқонаву софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






