Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футзал 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуданд

Апрель 27, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футзалро барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2024 қадрдонӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бори нахуст дар таърих ба Ҷоми ҷаҳон, ки имсол дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Барои ин дастовард Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои тими миллии футзали мамлакат ҳамчун мукофотпулӣ 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Бангкок дастаи мунтахаби Тоҷикистон аллакай панҷ вохӯрӣ анҷом дод. Футзалбозони мамлакат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ (1:1) карданд. Дар даври чорякниҳоӣ дастаи Тоҷикистон бар тими миллии Афғонистон (2:1) ғолиб шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз мизбони Ҷоми Осиё-2024 — дастаи мунтаби Тайиланд (вақти асосӣ – 3:3) дар силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 5:6 шикаст хӯрданд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 28 апрел бо тими миллии Узбекистон вомехӯрад. Ин вохӯрӣ соати 13:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд