Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Озарбойҷон мераванд
ДУШАНБЕ, 13.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар Минск Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов мулоқот анҷод дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои омодагирӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро, ки баргузории он даҳаи сеюми майи соли 2024 дар назар аст, ба таври муфассал баррасӣ намуданд.
Байни вазирон табодули афкор доир ба танзими Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Рӯзҳои синамои тоҷик дар Озарбойҷон, инчунин ҳамоиши соҳибкорони ду давлат дар даҳаи дуюми моҳи майи имсол доир шуд.
Ҳамчунин якчанд масъалаи марбут ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд






