Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Муассисаи таълимии томактабии «Табассум»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Равғангарони деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан бинои Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 — «Табассум»-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамшуда дар он шинос шуданд.
Муассисаи томактабии «Табассум» ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа ба тариқи ҳашар сохта шуда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба хурдсолон 22 нафар мураббияҳои ботаҷриба бо ташкили машғулиятҳои ҷолибу шавқовар тарбия медиҳанд. Дар боғчаи бачагон машғулиятҳо бо забони давлатӣ ва русиву англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятгузаронӣ ва истироҳатии тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ба дунёи рангини кӯдакон мувофиқ оро дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони муассисаи томактабӣ туҳфаҳо тақдим намуда, таъсиси кӯдакистонро дар тарбияи насли солиму худшинос ва ватандӯст муассир арзёбӣ намуданд.
Иқдоми дастҷамъонаи сокинони ташаббускори деҳа ҷиҳати бунёди боғчаи бачагон, ки барои фардои босаодати насли ояндасоз муҳим мебошад, намунаи ибрат номида шуд. Зеро қаблан дар деҳаи Равғангарон муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд набуд ва сокинон фарзандони худро ба шаҳр ва деҳоти дигари Истаравшан мебурданд. Бо қомат афрохтани бинои кӯдакистон ин мушкили чандсолаи сокинони деҳа бартараф гардид.
Дар ҳудуди муассисаи навбунёди тоҳсилоти томактабӣ суҳбаткадаҳо, майдончаҳои бозӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шуда, барои фароғату истироҳати хуши тарбиятгиранагон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Тибқи иттилои масъулин, ҳоло дар ҳудуди шаҳри бостонии Итаравшан 15 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз як ҳазору 900 нафар тарбиятгиранда мавҷуд аст, ки аз ин шумора 6 адад кӯдакистони хусусӣ мебошад. Инчунин барои омодагӣ ба мактаб 1 ҳазору 280 нафар кӯдак ба марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб мегарданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






