Раиси вилояти Хатлон дар Ёвон бо ҷараёни таҷдиди канали обрасонии «Лойқасой» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон бо раванди корҳои таъмиру навсозии канали обрасонии «Лойқасой» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дарозии канал зиёда аз 97 километр буда, 19 400 гектар заминро дар ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва қисман Абдураҳмони Ҷомӣ дар сурати ба анҷом расидани корҳои таъмиру навсозии қубурҳои обгузар бо об таъмин менамояд.
Ҳоло ғунҷоиши об дар ин канал 8 кубро ташкил дода, пас аз амалишавии лоиҳа то 15-20 куб зиёд мешавад.
Зимни суҳбат Раиси вилоят супориш дод, ки барои ба таври сифатнок амалӣ шудани лоиҳа тадбирҳои зарурӣ андешида, канал дар фурсати муайянгардида ба истифода дода шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






