Сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт

Апрель 5, 2024 13:54

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел Пешвои миллии халқи туркман — Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баъди анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.

Бо нишони эҳтирому самимияти баланд меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман рӯзҳои 4-5 апрел ҷараён гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду давлат 5 санади нав доир ба ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, омодасозии кадрҳои дипломатӣ, сохтмон, илм, зилзиласанҷӣ ва бародаршаҳрӣ миёни Хуҷанд ва Аргадаг ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи ин сафар ва дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон барномаи рангини консертии устодони санъати ду давлат «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Апрель 5, 2024 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва вазири корҳои дохилӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Шакли нави сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Форел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд