«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 29.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи номинатсияҳои «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин фестивал, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор нам удани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки фестивал мувофиқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Рамзи Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола», ки соли 2019 аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, тасдиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» шуруъ аз соли 2019 дар ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Гули лола бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат» машҳур буда, дорои аз 100 то 150 навъ аст.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ, ҷою макони аслии лолаи худрӯй Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания ва Африка мерӯяд ва дар ин давлатҳо нуфузу арзиши зиёде дорад.
Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯй қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кӯҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз кӯҳҳои Помир то Тияншон ва ғайра воқеъ аст.
Гули лола ба салқинӣ нисбатан тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






