Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои иловагии Маркази саломатии №1-ро мавриди истифода қарор доданд

Апрель 10, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшанро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои навбунёд фароҳамгардида шинос шуда, таъкид намуданд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, минбаъд дар самти дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолияташонро беҳтару хубтар ба роҳ монанд.

Дар ошёнаи якуми бинои иловагии маркази саломатӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои хатна, ҷарроҳӣ, ташхиси ултрасадо, узвҳои дарунӣ ва шуъбаи хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои сабти барқии дил, табибони асабшинос, тарбодшинос, ғадудшинос, гӯшу гӯлу ва бинӣ, чашм ва саратоншинос, дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории маъмурият ва толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст ва дар таҳхонаи бино бошад, шуъбаи физиотерапевтӣ — барқароркунии саломатӣ бо ҳуҷраҳои маҳси бадан, сӯзандармонӣ, табобати барқӣ ва толори варзишӣ ҷойгир шудааст.

Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар бинои навбунёд бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки бо истифода аз он табибону мутахассисони соҳа фаъолияти самарабахш анҷом медиҳанд.

Ҳоло дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан 120 корманд, аз ҷумла 14 табиби оилавӣ, 21 ҳамшираи тибби оилавӣ, 20 ҳамшираи тиб ва 27 нафар мутахассисони соҳавӣ фаъолият намуда, дар минтақаи фарогир ба 32 ҳазор аҳолӣ хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки бинои асосии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан ҳанӯз солҳои 1970 сохта шудааст.

Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва норасоии ҳуҷраҳои кории табибони оилавӣ ва соҳавӣ зарурати бунёди бинои иловагӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, соли 2019 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони маҳаллӣ бо риояи талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як бинои замонавии соҳаи тандурустиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони заҳматпешаи шаҳри бостонии Истаравшан арзёбӣ намуда, масъулонро муваззаф карданд, ки дар фаъолияти касбӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири хизматрасонии тиббию санитарӣ ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал гузоранд.

Муассисаи давлатии «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳри Истаравшан дорои ду маркази саломатии шаҳрӣ ва 19 маркази саломатии деҳот бо 28 бунгоҳи тиббӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқароркунии саломатӣ мебошад, ки дар умум, ба 299 ҳазору 400 нафар аҳолӣ хизматрасониҳои тиббиро ба роҳ мондааст.

Ба истифода додани бинои иловагии Маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан 10.04.2024

Апрель 10, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд