Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-ро мавриди истифода қарор доданд

Апрель 10, 2024 11:12

ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан дар маҳаллаи Равғангарон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тарҳу сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст ва масоҳати умумии замини он 0,21 гектарро дар бар мегирад.

Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх» дорои 15 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои маҷлисиву ақди никоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иншоот дар идомаи татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар дар асоси тавсияву маслиҳати мутахассисон сохта шудааст.

Тамоми ҳуҷраҳои кории кормандон бо таҷҳизоту технологияи муосир, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таъмин карда шуда, дорои шароити хуби фаъолияту хизматрасонӣ мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои кормандони мақомоти худидоракунии маҳал дар бинои нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои нави маъмурӣ аз зумраи татбиқи бандҳои нақша – чорабинии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти «Гули сурх» мебошад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан ба истиқболи ин ҷашни бузургу фархундаи миллӣ бунёду таъмир ва навсозии беш аз 100 иншоот дар самту соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 54 адади онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Атрофи иншоот дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда ободу зебо карда шуда, шабона чароғҳои гуногун дар 13 сутунпоя равшанамоии мавзеъро таъмин менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан ифтитоҳи бинои нави маъмуриро туҳфаи арзишманд барояшон номида, онҳоро барои беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иҷрои босамари барномаҳои гуногуни давлатӣ ҳидоят намуданд.

Ёдовар мешавем, ки «Гули сурх» аз калонтарин ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан буда, дорои 17 деҳа ва зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад.
Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан 10.04.2024

Апрель 10, 2024 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд