Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд

Апрель 24, 2024 13:06

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим Мудири иҷроияи Ширкати  «ВиБилд»  (WeBuild) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Роғун» муҳокима гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни сохтмони сарбанди неругоҳ, ки зимни сафарҳои корӣ ба мушоҳида мерасид, андешаронӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки роҳбарияти ширкат тамоми имконияти худро барои дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани нақшаҳои корӣ равона менамояд.

Роҳбари ширкати  «Вибилд» (WeBuild) ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ маълумот дод.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ инчунин оид ба дигар масъалаҳои ҳамкорӣ, тезонидани корҳо ва истифодаи босамари имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша намуданд.

Мулоқот бо Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салинӣ 24.04.2024

Апрель 24, 2024 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд