Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ- шаҳри Ар-Риёз дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) Раиси Раёсати «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшоҳ Бобозода ҳамчун аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарияти якчанд институти бонуфузи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба корхонаи воҳиди давлатии «Саноатсодиротбонк» хабар медиҳад.
Дар мулоқот, аз ҷумла бо Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд Доктор Мансур Мухтар, Раиси Корпоратсияи исломии суғуртакунии сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) Уссама Каисси, Раиси Корпоратсияи исломии маблағгузории савдо ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Хани Салем Сонбол (ITFC&ICD), мудири минтақавии Гурӯҳи БИР Иброҳим Алӣ Шукрӣ ва масъулини Институти Бонки Исломии Рушд масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.
АСК: Корхонаи воҳиди давлатии «Саноатсодиротбонк»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






