СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст

Апрель 28, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 набояд дар доираи анҷом додани маҷмуи тадбирҳои маъмурӣ дар як соли тақвимӣ ва бо гузаронидани чанд мулоқоту суҳбат, ҳамоишҳои қолабӣ ҷамъбаст карда шавад. Зеро пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2024 далели эҳтиром гузоштан ба тафаккури миллии сокинони мамлакат ва арҷ гузоштан ба худшиносии миллии онҳо мебошад. Чунин омадааст дар мақолаи омӯзгори Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб Ҷамила Ҳаитова, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Дар зер муҳтавои онро пешкаши хонандагон месозем. 

Моҳи декабри соли 2023 зимни  пешниҳоди  Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар баробари Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 оид ба нақши маориф дар рушди ҷомеаи мутамаддин низ таъкидҳо шуд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «..авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Воқеан, соҳаи маориф дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин, ҳуқуқбунёд, пешрафта ва боадолат  нақши пешсаф дорад, бештар аз ин, бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон имконнопазир аст. Маориф ва омӯзгор шаҳрвандро ба риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳидоят менамоянд, дар навбати худ шаҳрванд дар асоси маърифати ҳуқуқӣ муносибаташро дар ҷомеа дар доираи қоидаҳо ва қонунҳои қабулгардида таъмин месозад.

Бояд гуфт, ки эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ на ба маъное аст, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар таъмини маърифати ҳуқуқӣ ба мушкилӣ дучор шуда бошад. Баръакс,  давоми 30 соли қабул шудан ва мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ дар атрофи Президенти мамлакат, Сарвари давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо риояи талаботи Конститутсия дар бунёди давлати миллии соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд натиҷаҳои беназир ва таърихӣ ба даст овард. Чунончӣ, хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани қариб 1 миллион гурезаҳои иҷборӣ, таъсис додани Парлумони касбии дупалата, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, рӯ овардан ба рушди босуръати саноати миллӣ, дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани имиҷ ва мавқеи давлати навини тоҷикон — ин ҳама дастовардҳое ҳастанд, ки танҳо дар натиҷаи риояи талаботи Конститутсия ва дар заминаи маърифати баланди ҳуқуқии сокинони мамлакат бароямон муяассар шудааст. Ба ифодаи дигар, Соли маърифати ҳуқуқӣ бояд ҳамчун нишонаи эҳтиром ва арҷ гузоштан ба иродаи сиёсии сокинони мамлакат пазируфта шавад.

Маълум аст, ки шароити зудтағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, бархӯрди тамаддунҳо, шиддат гирифтани муборизаи абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар назди ҷомеаи мо вазифаҳои нав мегузорад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуданд: «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир —  терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешем».

Таъмин намудани амнияти мудофиавӣ танҳо вазифаи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва сохторҳои қудратӣ нест. Ин вазифаест, ки иҷрои он ба дӯши ҳама шаҳрвандони мамлакат, кулли бахшҳои ҷомеа ва махсусан ба зиммаи кормандони маориф гузошта шудааст. Дар ин маврид шарти асосӣ риояи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун мебошад.

Давоми 30 соли фаъолияти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри бунёди давлати мустақили миллӣ заминаи қавӣ гузошта шуда, дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакат дастовардҳои муҳимтарин ба даст оварда шуданд. Акнун моро зарур аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз кунем ва ҳамон тавре, ки Пешвои миллат даъват намуданд, «сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».

Эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ набояд ҳамчун тадбири маъмурӣ дар як соли тақвимӣ фаҳмида шавад. Тавре ки дар боло гуфта шуд, ин қарори Сарвари давлат ба хотири эҳтиром гузоштан ба тафаккури миллии сокинони мамлакат ва арҷ гузоштан ба худшиносии миллии онҳо қабул шудааст. То эълон шудани Соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» қабул ва амалӣ гардида буд. Ин барнома ба баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба Конститутсия, тарғибу ташвиқи арзишҳои олии инсондӯстӣ ва демократӣ, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ, огоҳӣ доштан аз вазифаҳои инсон ва шаҳрванд равона шуда буд. Бо иҷро шудани ҳадафҳои асосии барномаи қаблӣ Барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 қабул гардид, ки  ҳоло амалӣ мегардад. Тавре ки мебинем, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ амали пайдарпайи силсилавӣ мебошанд ва он вобаста ба пешрафти ҷомеа танзим карда мешаванд.

Дар давраи нави тақвият бахшидан ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон масъалаи асосӣ тарбия ва таълими дурусти фарзандон мебошад. Моро зарур аст, ки фарзандонро на танҳо илму дониш диҳем ва касбу ҳунар омӯзонем, балки онҳоро дар руҳияи содиқ будан ба манфиатҳои давлату миллат, дӯст доштани сарзамини аҷдодии худ  тарбия намоем, ба онҳо талқин кунем, ки Тоҷикистон Ватан ва ояндаи он дар дасти фарзандони мо мебошад.

Босавод ва соҳибмаърифат гардонидани наврасону ҷавонон, густариши худшиносиву худогоҳии онон, ҷалби таваҷҷуҳи доимии ҷавонону наврасон ба арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва мероси таърихӣ, анъанаву суннатҳо ва расму ойинҳои мардум-аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо, кормандони соҳаи маориф на танҳо дар Соли маърифати ҳуқуқӣ, балки дар тамоми давраи фаъолияти омӯзгорӣ мебошад.

Ҷамила ҲАИТОВА,
омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

АКС аз бойгонӣ

Апрель 28, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ПАЙКИ САОДАТОВАР. Он омили пешрафти ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии арзанда барои мардум аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Танҳо ба воситаи маърифати баланди ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд намуд
«ХАВФИ РЕПУТАТСИОНӢ». Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
МАСОИЛИ САНОАТИКУНОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин мавзуъ
Дар ноҳияи Вахш вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
«ПАЁМ ЧУН РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ». Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе таҳти ин унвон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ доир ба аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
«ҲАДАФҲОИ ТАРБИЯВИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ маҳфили тарбиявӣ баргузор шуд
Ба сокинони ноҳияи Ванҷ моҳияти ҳадафҳои созандаи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд