Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалии оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон – «TASHKENT OPEN JUDO KIDS CUP II» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус Директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар мусобиқа 800 варзишгар аз 8 давлат иштирок ва байни ҳам рақобат карданд. Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода, ки дастпарвари «Клуби ҷудои Сомон» аст, дар вазни 26 кг бо шикаст додани 6 рақиб аз давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷон мақоми сеюмро касб намуд.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи апрели имсол Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо «Dzyudo Termiz Open 2024» дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон дар вазни то 26 кг бо мағлуб намудани рақибонашон аз Қазоқистон ва Узбекистон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода моҳи августи соли 2022 дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон, ки дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда буд, дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст оварда буд. Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро мағлуб намуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид. Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа Сомон Турсунзода барои нишон додани маҳорати баланди техникӣ байни иштирокчиён варзишгари беҳтарин дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ин варзишгари наврасу бомаҳорати тоҷик ба синни хурди худ нигоҳ накарда, дар мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро борҳо баланд бардоштааст. Теъдоди медалҳои ӯ дар мусобиқоти ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба 140 адад мерасад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






