Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби медали тилло гардид

Апрель 1, 2024 18:41

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо «Dzyudo Termiz Open 2024», ки дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон дар сатҳи баланд баргузор гардид, дар вазни то 26 кг бо мағлуб намудани рақибонашон аз Қазоқистон ва Узбекистон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин хусус Директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар мусобиқа зиёда аз 800 варзишгари наврас аз давлатҳои Осиёву Аврупо иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода моҳи августи соли 2022 дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон, ки дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда буд, дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст овард. Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро мағлуб намуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид. Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа Сомон Турсунзода барои нишон додани маҳорати баланди техникӣ байни иштирокчиён варзишгари беҳтарин дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2024 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд