Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид

Апрель 19, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи бориши зиёд, ки боиси обхезии шадид гардид, дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Салтанати Уммон 20 нафар ҳалок гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад.

Ҳамин тавр, 16 апрел дар Рас-Ал-Хайм шаҳрванди солхӯрдаи Амороти Муттаҳидаи Араб ба ҳалокат расид – мошини ӯро ҳангоми убур аз водии зери обмонда  сел бурдааст. Гурӯҳҳои вокуниши фавқулода ҷасади ӯро берун оварданд.

Қаблан 19 нафар, аз ҷумла 12 кӯдаки синни мактабӣ бар асари обхезии Уммон ҳалок шуда буданд — автобуси мактаббачагонро оби сел бурдааст.

Боришоти шадидтарин, ки дар 75 соли охир (мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар АМА аз соли 1949 оғоз шудаанд) бо худ раъду барқ, жола ва шамоли сахт дошт, деворҳои сохтмонро хароб ва ҷиҳозҳоро аз айвонҳо берун бурдаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 19, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад