Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи бориши зиёд, ки боиси обхезии шадид гардид, дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Салтанати Уммон 20 нафар ҳалок гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад.
Ҳамин тавр, 16 апрел дар Рас-Ал-Хайм шаҳрванди солхӯрдаи Амороти Муттаҳидаи Араб ба ҳалокат расид – мошини ӯро ҳангоми убур аз водии зери обмонда сел бурдааст. Гурӯҳҳои вокуниши фавқулода ҷасади ӯро берун оварданд.
Қаблан 19 нафар, аз ҷумла 12 кӯдаки синни мактабӣ бар асари обхезии Уммон ҳалок шуда буданд — автобуси мактаббачагонро оби сел бурдааст.
Боришоти шадидтарин, ки дар 75 соли охир (мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар АМА аз соли 1949 оғоз шудаанд) бо худ раъду барқ, жола ва шамоли сахт дошт, деворҳои сохтмонро хароб ва ҷиҳозҳоро аз айвонҳо берун бурдаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






