Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст

Апрель 11, 2024 15:33

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар самти мубориза бо терроризму экстремизм давлати пешсаф эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ба  муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Чунин гуфта шуд зимни ҳамоише, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхона ва намояндаи прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ  доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад.

Муовини аввали Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода оид ба равандҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намуд. Корманди масъули Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон таъкид намуд, ки  Тоҷикистон  бо терроризму экстремизм мубориза мебарад. Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим аз иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд мебошанд.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва марзу буми Тоҷикистон саъю талош намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол бо дахли мубориза бо зуҳуроти нангин, аз ҷумла терроризм ва экстремизм чунин гуфтанд: «Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии дорои хусусияти динӣ дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт. Сохтору мақомоти дахлдори мамлакат дар асоси барномаҳо ва дигар санадҳои қабулнамудаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин меъёрҳои қонунгузорӣ бар зидди ин таҳдидҳо муборизаи муташаккилонаро мебаранд. Тоҷикистон имрӯз ба сифати давлати пешсаф дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Бо вуҷуди ин ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд, ки боиси нигаронӣ аст».

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Апрель 11, 2024 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд