«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Апрель 22, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби санъати шаҳри Гулистон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.

Тибқи қарори Раиси шаҳр, барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 102 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар озмун беш аз 60 довталаб иштирок намуда, ғолибон муайян ва бо диплому туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, гузаронида мешавад.

Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон дар бар мегирад.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ба озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.

Озмун дар байни 3 гурӯҳ доир гардида, истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад

Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзуи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

Ҳар номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Апрель 22, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад