Рамзи фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» омода гардид

Май 8, 2024 14:56

ДУШАНБЕ, 08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи тадорукоти фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» рамзи он омода карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Рамзи фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» намуди доирашакл дошта, гирди онро хатҳои даврашакл бо рангҳои Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифтаанд.

Дар гирди қисми болоии рамз бо забони тоҷикӣ номи озмун- Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» навишта шудааст.

Дар дохили давра ҷузъиёти асосии рамз – таҷҳизоти аксбардорӣ, микрофон, нишонаи сомонаҳои интернетӣ, дафтари кушода ва пар-хома барои иншои матолиб чун таҷассуми ҳамаи бахшҳои фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» ҷойгир карда шудаанд. Дар маркази давра унсури ҳунармандӣ- намунае аз асолати миллии мардуми тоҷик ҷой гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон намудаанд.

Мақсади асосии фестивал-озмун — тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он мебошад.

Ба фестивал-озмун маводи насрӣ, аз ҷумла мақола, ҳикоя, қисса, маводи таҳлилӣ, видеоролик, филм ва барномаи алоҳида доир ба мавзуъҳои ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он қабул карда мешаванд.

Мавод дар номгӯйи зерин бояд пешниҳод шаванд:

— маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғ.) дар васфи Ватан барои матбуоти даврӣ;

— маводи иттилоотӣ ва ё таҳлилӣ;

— масъала ё рӯйдоди мушаххаси марбут ба солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ё шарҳи рӯйдоде доир ба мавзуъ дар ин давра;

— маводи насрӣ, ролик, барнома ва филми кӯтоҳи муаллифии ватандӯстона ва ё муаррифии дастовардҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот ва парандагони нодир, инчунин обҳои шифобахши мамлакат.

Фестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 гузаронида шуда, мавод барои озмун тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то 15 октябри соли 2024 қабул карда мешавад.

Мавод ба фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми то 15 дақиқа ирсол шавад.

Фестивал — озмуни «Вассофи Ватан» дар чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад.

Ба ғолибони ҷойи якум 7 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 000 ва ҷойи сеюм 3 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.

Тибқи низомнома, мавод бояд танҳо барои озмун пешбинӣ гардида бошанд ва то пешниҳод ба озмун дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва паҳн карда нашуда бошанд.

Маводи ба озмун пешниҳодшуда баъди баҳогузорӣ дар АМИТ «Ховар» ва нашрияву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ нашр ва паҳн карда мешаванд.

Маълумоти бештар дар сомонаи www.khovar.tj

Телефонҳо барои тамос: 888-08-34-04, 238-54-23

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2024 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид