ВАТАН-САРЗАМИНИ АҶДОДӢ! Андешаҳои бузургони ҷаҳон дар мавриди дӯст доштани Ватан ва садоқат ба он
ДУШАНБЕ, 10.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ватандӯстӣ дар шароити феълии пурталотуми ҷаҳони муосир ҳамчун рукни асосии зиндагӣ аҳамияти муҳим касб намудааст. Сидқан дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он ҳамеша ва батакрор дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад.Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: «вазифаи имониву муқаддаси ҳар фарди бонангу номуси миллат- аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ- таблиғи бедории миллӣ, зиракию хушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад».
Дар иртибот ба мафҳуми ватандӯстӣ ва муқаддас донистани обу хоки мамлакат андешаҳои бузургони оламро, ки дар бораи Ватан ва дӯст доштани он баён намудаанд, пешкаши хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» менамоем.
«Тоҷикистон — ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред ва онро чун амонати аҷдодонамон ҳимоя намоед!».
(Эмомалӣ Раҳмон)
«Ватандӯстӣ маънои танҳо ба Ватан меҳр монданро надорад. Он ҳисси бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки худро як ҷузъи Ватан донӣ ва дар рӯзҳои неку бадаш бо он бошӣ».
(Алексей Толстой)
«Инсон пеш аз ҳама фарзанди мамлакати худ аст, шаҳрванде аст, ки манфиатҳои мамлакаташро дар дилаш ҷой намудааст.
Саховати беандоза аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад».
(Жан Жак Руссо)
«Барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд».
(Эмомалӣ Раҳмон)
«Ғояи Ватан давоми солу рӯзҳо бояд барои фарзандон азиз бошад, танҳо онҳое, ки ин ғояро амиқ ҳис намудаанд, ҳақ доранд худро шаҳрванди он ҳисобанд».
(Михаил Салтиков-Шедрин)
«Қарзи инсон дар назди Ватан муқаддас аст».
(Василий Сухомлинский)
«Барои Ватан кори нимкора намудан маънои ҳеҷ коре накарданро дорад».
(Максимилен Робеспер)
«Ватанпарварии олӣ ҷоннисорӣ дар роҳи Ватан мебошад».
(Николай Чернишевский)
«Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Мо худамон бояд Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем!»
(Эмомалӣ Раҳмон)
«Ватанпарвар инсоне аст, ки барои Ватан хизмат менамояд, Ватан, пеш аз ҳама, халқ мебошад».
(Николай Некрасов)
«Барои мо падару модар, фарзанд, хешону наздикон азиз ҳастанд, вале ҳамаи тасаввуротамон дар боби меҳру муҳаббат дар як калима – Ватан муҷассам аст. Агар ба Ватан нафъаш мерасида бошад, барои он кадом инсони бовиҷдон ҷон фидо кардан намехоҳад».
(Марк Туллий Ситстерон)
«Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст».
(Эмомалӣ Раҳмон)
«Ҷасорати ҳақиқии халқҳои бомаърифат дар ҷонфидоии онҳо ба Ватан намоён мегардад».
(Гегел Георг Вилгелм Фридрих)
«Дар берун аз Ватан бахт вуҷуд надорад, бигузор ҳар кас дар сарзамини худ реша давонад».
(Иван Тургенев)
«Мамлакати бегона Ватан шуда наметавонад».
(Иоганн Вольфганг Гёте)
«Ин Ватан, пеш аз ҳама, Ватани наврасону ҷавонони имрӯза аст. Ин Ватанро мо ба шумо мерос мегузорем».
(Эмомалӣ Раҳмон)
«Худатро ба Ватан ҳар қадар наздик гирӣ, онро ҳамон қадар бештар дӯст медорӣ.
(Александ Блок).
«Дар қалби ҳар инсон қиёфаи халқ ва Ватани худаш зиндагӣ менамояд».
(Густав Фрейтаг)
«Ҳар кас давлати худро дӯст надорад, ҳеч чизро дӯст дошта наметавонад».
(Ҷорҷ Гордон Байрон)
«Исбот кунед, ки насли Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед!».
(Эмомалӣ Раҳмон)
«Ҳар кас аз Ватани худ рӯ гардонад, аз виҷдони худ низ рӯ мегардонад».
(Ярослав Галан)
«Ватани худро доғдор намудан маънои фурӯхтани онро дорад».
(Виктор Гюго)
«Ҷинояте ҳаст, ки онро наметавон бахшид- он хиёнат ба Ватан аст».
(Пер Бауст)
Таҳияи АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
Тоҷикистон бо қабули қонунҳои миллӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ намуна мебошад
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Кормандони соҳаи телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд
Соли 2026 дар Федератсияи Русия барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрӣ доир шуд
Доир ба саҳми барандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони муосир конференсия баргузор шуд
Пешвои миллат: «Вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад»
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид






