Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи 182 миллион доллар лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.
Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд /БИР/ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Роҳбари ITFC ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол мулоқот намуда, масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Завқӣ Завқизода имконияти зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз Роҳбари ITFC ва ICD-и бахши хусусӣ дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.
Роҳбари Корпоратсия Ҳани Салем Сонбол омодагиашро барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва тақвияти ҳамкорӣ изҳор намуд.
АКС: Вазорати руши иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






