ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид

Апрель 16, 2024 09:11

ДУШАНБЕ, 16.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Табиби ҷавони тоҷик Назрулло Раҳимов дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи такмили ихтисос дар мавзуи бемориҳои ҷарроҳии асаб (чарроҳӣ ва барқароркунии нуқсонхои шараёну варидҳои майнаи сар, принсипҳои микрохирургӣ дар ҷарроҳии асаб, усули ҷарроҳӣ ва дастрасткунии асоси косахонаи сар ва қисмҳои базалӣ ва сутуни майнаи сар, бемориҳои дегенеративӣ, ревматоидӣ, деформатсионии сутунмуҳра) дар раванди омӯзиш дар Институти нейроҷарроҳии Барроу фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одиназода хабар дод.

Назрулло Раҳимов номзади илмҳои тиб, докторанти кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехтаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ҳамзамон табиби ҷарроҳи Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» буда, тариқи Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои такмили ихтисос дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад.

Тавре ӯ дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  давоми таҳсил ҷарроҳиҳои гузоштани анастомозҳои шараёнҳои майнаи шараёни сар нуқсон ва патологияҳои шараён ва варидҳои майнаи сар, ба монанди аневризмҳо, малформатсияи артерио-венози, бемории Моя-Моя, атеросклероз, стеноз ва окклюзияи шараёни хоби майнаи сар ва дигар бемориҳои ба косахона ва майнаи сар, сутунмуҳра алоқамандро омӯхта, савияи дониш ва такмилашро зиёд намуда истодааст.

«Таҳсил дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ман имкон фароҳам овард, ки таҷрибаи пешрафтаро соҳиб шуда, амалиёти ҷарроҳии дар шараёну варидҳои майнаи сар, сутуни майнаи сар, ҷарроҳии қисми асосии чуқурчаи косахонаи сар, ба воситаи сурохии бинӣ нейроэндоскопи кушоди латералӣ ва бо усули ёрии видео асисстенсия гирифтани омосҳои қисмҳои чуқури косахона ва майнаи сар, хунрезиши дохили косахонагии майнаи сар ва тамоми ҷарроҳиҳои муосиреро, ки дар миқёси ҷаҳон анҷом дода мешаванд, муваффақона анҷом диҳам», — иброз дошт ӯ.


Табиби ҷавони тоҷик тавонист баъзе бемориҳои майнаи сарро, ки пайдо шудани онҳо боиси нимфалаҷӣ ва фалаҷии майнаи сар ё рагҳои хунгард мегарданд, ҷарроҳӣ намояд. «Тавассути пешгирии   амалиёти ҷарроҳӣ нуқсон ва патологияҳои шараёнҳои майнаи сарро бартараф намуда, бо гузоштани анастамозҳо нуг ба нуг ва кунҷ ба кунҷ дӯхта, барои гардиши пурра ва барқарорсозии таъминоти майнаи сар бо хун онро пайваст менамоянд, ки чунин таҷрибаро метавон дар Тоҷикистон истифода бурд», — гуфт табиби ҷавони тоҷик.

Ҳамзамон давоми таҷрибаомӯзӣ ба ӯ муяссар гардид, ки дар рафти ҷарроҳӣ оид ба каҷшавӣ ва баромади сутунмӯҳра иштирок намуда, малакаи ғанӣ пайдо намояд. Яъне тавассути ҷарроҳӣ нафароне, ки ба бемориҳои скалиоз ва кифоз гирифтор ҳастанд, метавонанд муолиҷа шаванд.

«Ман дар ҷараёни омӯзиш гузаронидани ҷарроҳиро дар лабораторияи Кадавер, дар назди донишмандони бузурге, ки дар илми ҷаҳонӣ машҳур ҳастанд, хеле озодона ва бо боварӣ корамро анҷом дода, аз ҷониби онҳо баҳои баландро сазовор гаштам. Ҳамзамон тамоми рафти ҷарроҳӣ, ки онро анҷом додам, дар монитори калон пешкаш карда шуд, ки онро чун дарс ба таҷрибаомӯзон пешниҳод намуданд»,-афзуд табиб.

Назрулло Раҳимов барои омӯзиши бештари илми тиб давоми чанд сол ҷаҳду талоши зиёд намуда, ниҳоят аз ҷониби Институти илмӣ-таҳқиқотии нейроҷарроҳии Амрико ин сертификатро соҳиб гардид. Табиби ҷавон бо маблағгузории пурраи фонди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуд.


Инчунин давоми таҳсил дар курсҳо, симпозиум, раундҳои илмӣ ва конгрессҳои байналмилалӣ, ки дар ИМА доир шуданд, иштирок намуда, дар байни бештар аз 25 давлати дунё, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Америкаи Ҷанубӣ, Олмон, Финландия, Туркия, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои мутараққӣ ҳамчун иштирокчии фаъол сазовори сертификатҳои дараҷаи байналмилалӣ гардид.

Бояд гуфт, ки гирифтани чунин таҷрибаи пешқадам мояи ифтихор ва шинохти миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гардида, ҳамзамон мушкилоти соҳаи тандурустиро осон мегардонад. Тавре маълум аст, чунин пешравӣ ва муваффақият бе мушкилӣ муяссар намешавад. «Барои ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихор аст, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино ҳастам. Аз ин лиҳоз дар роҳи илму дониш ҳамеша кӯшишу талош менамоям, ки тарсу ҳаросро аз худ дур намуда, вориси шоистаи Сино бошам.

Тавре устод Бозор Собир гуфтааст:

Халқи тоҷик теғи ҷонбахшои Синоро гирифт,
Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт.

Тоҷикон аз азал соҳиби илму маҳорат буданд ва мо бояд дар баробари ифтихор аз гузаштаи худ ба ҷаҳониён собит намоем, ки чеҳраи тоҷикон имрӯз ҳам равшан аст ва онҳо дар тамоми соҳаҳо метавонанд ба муваффақияти беназир ноил гарданд», -мегӯяд бо ифтихор Назрулло Раҳимов.


Ин табиби ҷавон бо итминони комил иброз медорад, ки дар наздиктарин фурсат ба Ватан баргашта, донишу таҷрибаашро барои сиҳатии халқу миллат истифода менамояд.

«Барои ман мояи ифтихору шарафмандӣ аст, ки махсусан бо дастгирӣ ва пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сазовори Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» гардида, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил дорам. Пеш аз ҳама, ба Сарвари илмдӯсти малмлакатамон барои чунин дастгирӣ изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. Зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз беш аз ҳазор нафар ҷавонон дар хориҷи мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил доранду номи тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд», -гуфт ӯ.

Тавре директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одиназода иттилоъ дод, давоми ду сол: 2022-2024 тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» беш аз 200 нафар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Италия, Британияи Кабир, Олмон, Швейтсария, Фаронса ва дигар давлатҳои пешрафта таҳсилашонро идома медиҳанд. «Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳангоми гузаронидани мониторингҳои таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Мавсими оббозӣ дар кӯли шаҳри Бӯстон оғоз гардид
Смартфонҳои беҳтарин бо интернети босуръат
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Париж 14 варзишгар муаррифӣ менамоянд
МАМЛАКАТИ САБЗ. «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар шаҳри Панҷакент нахустин Маркази сӯзанидӯзӣ ифтитоҳ шуд
Шаҳри бостонии Истаравшан аъзои Шурои ҷаҳонии ҳунармандон мешавад
Китоби «Вожаҳои калидии Чин» нахустин маротиба ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Хоруғ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди тӯби дастӣ байни наврасон баргузор гардид
«МАЛАКАИ РОҲБАРӢ». 30 нафар занони болаёқат такмили ихтисос намуданд