23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонон доир шуд

Май 23, 2024 20:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони вилоят баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад. 

Нахуст барои арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта шуд. Сипас роҳбарият бо  дастовардҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш шинос гардиданд.

Раиси вилоят ба ҷавонон муроҷиат намуда, иброз дошт, ки дар баробари ташаккул ва рушди ҳамаи соҳаҳои муҳим, дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи бузург ба сиёсати ҷавонон ва пешрафти кулли ҷанбаҳои ҳаётии ин қишри ҷомеа равона гардид, ки самараи неки онро мо имрӯз баръало мебинем.

Аз ин рӯ месазад, ки бо садоқат ва эҳтироми самимӣ, бори дигар ба хиради азалӣ, дурандешӣ, заковат, ҷавонмардию ҷавонпарастӣ, саховат ва ҷасорату нусрати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари таъзим фуруд оварда, вафодории хешро ба сиёсат ва роҳи пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ изҳор намоем.

Маҳз таваҷҷуҳи  Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон буд, ки 23 майи соли 1997 пас аз мулоқот бо намояндагони ҷавони мамлакат Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расид.

Иқдоми дигари бузурги Президенти мамлакат- ин моҳи майи соли 1998 Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намудани 23 май буд.

«Дар қатори ҷавонони минтақаҳои дигари Ватани маҳбубамон ҷавонони Бадахшон  низ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳраи зиёд гирифта, дар посух ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат бо таҳсили хуб, эҷодкорӣ, фаъолияти пурмасъул ва зиракию омодагии доимӣ барои ҳифзу ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва марзу буми аҷдодӣ миллатдӯстӣ ва ватанпарварӣ нишон медиҳанд»,- иброз дошт Раиси вилоят.

Дар фарҷом бархе аз ҷавонон, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо Ифтихорномаи Раиси вилоят қадрдонӣ  карда шуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 23, 2024 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид