35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҷамоати Турдии ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 15 км роҳи маҳаллӣ сангфарш гардид

Май 2, 2024 09:19

ҲАМАДОНӢ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии кормандони Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёти ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 15 километр роҳи ҷамоати Турдии деҳаи Сомониён, ки бар асари бориши зиёди борон хароб гардида, чуқуричаҳо пайдо шуда буданд, сангфарш карда шуд.

Тавре мудири бахши Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Манзар Тоирзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, «дар баробари дигар соҳибкорону шаҳрвандони ноҳияи Ҳамадонӣ кормандони Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт низ дар ободу зебо гардонидани шаҳру деҳоти Ватанамон  саҳми арзанда мегузоранд.   Роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати Турдӣ чанд сол боз бинобар рафту омади зиёди мошинҳои гаронвазн ва бориши борон таъмирталаб гардида буд.   Дар сангфаршкунии роҳ техникаҳои соҳибкорон ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шуданд».

Изҳор гардид, ки кормандони Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ мақсад доранд, ки қисмати боқимондаи роҳро низ пурра сангфарш намуда, чуқуриҳоро бо омехтаи сангу шағал пур намоянд. Баъди анҷоми сангфаршкунӣ сокинон метавонанд, ки бе мушкилӣ бо мошинҳои сабукрав ба маркази ноҳияи Ҳамадонӣ ҳаракат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ сангӣ асос гузоштанд
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ҲЕҶ НЕЪМАТ БЕҲ ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ». Дар шаҳри Ҳисор конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — НЕЪМАТИ БЕБАҲО. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд