«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад

Май 14, 2024 17:38

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат!»- таҳти чунин унвон дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз 13 то 17 май  дар шаҳри Бӯстон ҳафтаи худидоракуни ҷавонон  гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Ҳафтаи худидоракунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар доираи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонон амалӣ гардида, дар чорабиниҳои бошукуҳи шаҳрӣ ба ҷавонон -донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гувоҳномаҳо тақдим карда мешаванд.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар амфитеатри Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон таҳти унвони «Мо, ҷавонони Ватан созандаем!» ҳамоиши   фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри болидахотирии сокинон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳар ҳафта 2 маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ҷавонӣ» баргузор мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Май 14, 2024 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад