Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд

Май 5, 2024 11:01

ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ихтиёри якчанд воҳиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои махсус супорида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ин иқдом барои сари вақт анҷом додани корҳои садамавиву наҷот, рафъи пайомадҳои офаттҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ва беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ амалӣ гардид.

Чунончӣ, Раёсати хадамоти махсусгардонидаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Раёсати кумита дар вилояти Хатлон, Хадамоти мубориза бо жола, шуъбаи Кумита дар ноҳияи Шаҳринав соҳиби мошини тамғаи «Toyota Hilux» ва яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита соҳиби мошини тамғаи «Isuzu» шуданд.

Ин мошинҳо дар доираи лоиҳаи муштарак – «Лоиҳаи миллии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба идораи офатҳои табиӣ» харидорӣ шуданд.

Воситаҳои техникии муосир сатҳи расонидани ёрии фавриро боло бурда, сабаби беҳтар шудани сифати корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот мегарданд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 5, 2024 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад