Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ихтиёри якчанд воҳиди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои махсус супорида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ин иқдом барои сари вақт анҷом додани корҳои садамавиву наҷот, рафъи пайомадҳои офаттҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ва беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ амалӣ гардид.
Чунончӣ, Раёсати хадамоти махсусгардонидаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Раёсати кумита дар вилояти Хатлон, Хадамоти мубориза бо жола, шуъбаи Кумита дар ноҳияи Шаҳринав соҳиби мошини тамғаи «Toyota Hilux» ва яке аз қисмҳои ҳарбии Кумита соҳиби мошини тамғаи «Isuzu» шуданд.
Ин мошинҳо дар доираи лоиҳаи муштарак – «Лоиҳаи миллии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба идораи офатҳои табиӣ» харидорӣ шуданд.
Воситаҳои техникии муосир сатҳи расонидани ёрии фавриро боло бурда, сабаби беҳтар шудани сифати корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот мегарданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






