БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Ҳисор майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар деҳаҳои Ҳисор ва Кончии Ҷамоати деҳоти Ҳисор ду иншоот -майдончаи варзишӣ ва нуқтаи тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ барои бозии футбол роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба наврасону ҷавонон ва варзишгарон ҳадяҳо, аз ҷумла тӯби футбол тақдим намуданд.
Майдончаи варзишӣ дар деҳаи Ҳисор аз ҷониби соҳибкор Икромиддин Баҳодуров бо маблағи беш аз 400 000 сомонӣ бунёд ёфта, ҷавонону наврасон аз деҳаҳои Ҳисор, Иттифоқ, Гулханӣ, Кончӣ ва дигар деҳаҳои ба он наздик имкон доранд дар он ба варзиш, аз ҷумла бозии футбол машғул шаванд.
Бояд гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид.
Ҳамчунин дар доираи корҳои ободонию бунёдӣ дар мамлакат дар деҳаи Кончии шаҳри Ҳисор нуқтаи тиббӣ, ки дар доираи ҳамкорӣ ва муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор









Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






