Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Муъминобод мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев, Хуршед Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Фирдавс Насимов, Саидҷамол Алимардонов, Зафар Олимшоев, Шакармаҳмад Мирмамадов, Умар Расулов, Улуғбек Раҳимов, Саидшоҳ Раҳматуллоев, Қоим Шукронов, Абубакр Боқиев, Хайрандеш Муродзода, Суҳроб Боқиев, Мирзоҷамил Рамазонов, Субҳиддин Халилзода, Ҳамроз Раҷабов, Додохон Қурбоналев, Наврӯзи Каримзод ва дигарон иштирок намуда, бо ҳарифонашон рақобат менамоянд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, уштур, асп, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва ғайра тақдим карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






