БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Панҷ бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ вохӯрӣ доир гардид

Май 17, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ба таъсиси он 30 сол пур мешавад, дар баробари дигар сохторҳои низомӣ ба сохтори низомии муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфта, аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз дошт, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯзҳои нахустини таъсис дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, ҳимояи амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии ороми мардум нақши босазо гузошта, дар мушкилтарин рӯзҳо барои ҳифзи марзҳои давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ, аслиҳа ва маводи мухаддир хизмати таърихӣ анҷом доданд.

Давоми қариб се даҳсолаи мавҷудияти Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи оромиву суботи мамлакат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ, мубориза бар зидди қочоқи силоҳу маводи мухаддир садҳо хизматчии ҳарбии ҷузъу томҳои марзбонӣ ҷонашонро қурбон кардаанд. Мардуми тоҷик ва Ҳукумати мамлакат номи нек ва ҷасорату фидокории онҳоро ҳамеша гиромӣ медоранд.

Иброз гардид, ки хусусан торафт фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва зуҳури гурӯҳҳои нави ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар сарбозу афсари бонангу номус ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, хизматро содиқона, бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намояд. Афсарону сарбозони марзбон, ки дар сафи пеши ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони мамлакат қарор доранд, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъии ҳарбӣ асоси фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид