Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи футбол оғоз гардид

Май 23, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 май баъди ба истифода додани майдони варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон пас аз навсозӣ ва таъмиру таҷдид байни устодону донишҷӯён барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДДҲБСТ» мусобиқаи футбол оғоз шуд. Мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо ҷонибдорӣ аз эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки минбаъд ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, баргузор гардид. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ байни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Дар идома донишҷӯён даъват шуданд, ки дар баробари омӯзиш пайваста ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим шуғл варзанд ва дар муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ саҳм гузоранд.

Таъкид гардид, ки ифтитоҳи майдони футбол дар донишгоҳ дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ мавриди пазириш қарор гирифта, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии футбол» қабул гардид, рамзӣ мебошад.

Дар мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДДҲБСТ» 12 даста байни ҳам рақобат намуда, ғолибон бо маблағҳои пулӣ, медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Май 23, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад