БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФУТБОЛ. Дар Душанбе фестивали варзишӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25-26 май дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивали футбол баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки мухлисон ва тамошобинонро аз соати 16:00 то 22:00 вохӯрӣ бо беҳтарин бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон, баромади ситораҳои эстрадаи тоҷик ва дигар чеҳраҳои шинохта интизор аст.
Ҳамчунин иштирокчиён метавонанд зимни фестивал туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла туҳфаи асосӣ- роҳхат ба Ҷоми Аврупоро, ки дар Олмон доир мегардад, бурд намоянд.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз ҳамин сол 25 май дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии футбол таҷлил мегардад. Дар ин хусус чанде пеш президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки бо мақсади рушди ин намуди варзиш Рӯзи байналмилалии футбол эълон карда шавад.
7 май Ассамблеяи генералии СММ дар ин хусус қатънома қабул намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






