Бахшида ба Рӯзи кормандони ҳифзи сирри давлатӣ озмоишгоҳи ҳифзи техникии иттилоот ва бахши хизматрасонии техникӣ ифтитоҳ ёфт

Май 7, 2024 15:12

ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳа дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҳифзи техникии иттилоот, сертификатсия ва экспертиза» – Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ  озмоишгоҳи ҳифзи техникии иттилоот ва бахши хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ хабар доданд.

Озмоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 навсозӣ гардида, бо таҷҳизоти махсуси муосири техникӣ, ки ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мебошад, муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Тадбирҳо дар самти рушди ҳукумати электронӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, хизматрасонии давлатӣ ва маҷмуи чорабиниҳои дигар тақозо менамоянд, ки чораҳои ҳифзи техникии иттилоот барои ҳалли мушкилот ва таҳдидҳои ҷойдошта ба таври пайваста мавриди озмоиш қарор дода шуда, роҳи ҳалли он пайдо гардад.

Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти махсуси кофтуков ва ҳифозатӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд. Тадбирҳое, ки дар доираи фаъолияти озмоишгоҳ ва бахши хизматрасонии техникӣ андешида мешаванд, ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, дар доираи он такмили ихтисоси кормандони соҳа низ амалӣ мешавад.

АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 7, 2024 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд