Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расид

Май 8, 2024 09:15

ДУШАНБЕ, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо муовини Прокурори генералии Малайзия (солиситори II) хонум Дато Сузана бинти Атан баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба сомонаи расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Прокурори генералии Малайзия (солиситори II) хонум Дато Сузана бинти Атан, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст,  масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ, аз қабили терроризм ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти ҷиноии фаромиллӣ, ки барои тамоми инсоният хатари зиёд доранд, муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешгирии ҳама гуна ҷиноятҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2024 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд