Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар Бангладеш бар асари гармои шадид 10 нафар ҳалок гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи «The Dhaka Tribune» хабар додааст.
Ҳарорат дар 17 минтақаи ин ҷумҳурии Осиёи Ҷанубӣ барои ин мавсим ба ҳадди ниҳоӣ расида, аз 40 дараҷа боло баромада ва дар Дакка он ба 41 дараҷа расидааст. Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки гармои ғайримуқаррарӣ рӯзҳои наздик идома меёбад.
Вазъияти мураккаби обу ҳаво дар иёлатҳои марказӣ ва ҷанубии Ҳиндустони ҳамсояи Бангладеш низ мушоҳида мешавад. Ҳарорат дар Деҳлии Нав аз меъёр чанд дараҷа зиёд буда, ҳангоми набудани шамол ба 40 дараҷа наздик мешавад. Дар Одиша, Бенгали Ғарбӣ, Биҳор ҳарорати 45 дараҷа сабт шудааст. Дар иёлати ҷанубии Керала ду нафар дар натиҷаи ҳавои гарм фавтиданд.
Мақомот аҳолиро ҳушдор медиҳанд, ки давоми рӯз аз сайругашт дар берун худдорӣ кунанд, оби зиёд нӯшанд ва дар ҳавои гарм аз машқҳои ҷисмонӣ канораҷӯйӣ намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






