Барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024 Сомон Маҳмадбеков ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари Тоҷикистон, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024 дар вазни -81 кг Сомон Маҳмадбеков ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сомон Маҳмадбековро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимаяти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шумораи зиёди мухлисон ва кормандони воситаҳои ахбори омма истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, дар даврҳои аввал Сомон Маҳмадбеков варзишгарон аз Фаронса, Нидерланд ва Мисрро мағлуб намуд. Дар марҳилаи баъдӣ Сомон Маҳмадбеков аз варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили мағлуб шуд. Дар қисмати тасаллобахш Сомон Маҳмадбеков бар Давид Карапетян аз дастаи варзишгарони фардии бетараф пирӯз шуда, муборизаро барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон идома дод.
Дар ин марҳила Сомон Маҳмадбеков намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро шикаст дод ва мақоми сеюмро касб намуд.
Бояд гуфт, ки ин медали дуюми биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон мебошад. Аввалин медалро Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҳанӯз соли 2007 дар Бразилия ба даст оварда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






