Барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024 Сомон Маҳмадбеков ба Ватан баргашт

Май 25, 2024 08:20

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари Тоҷикистон, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024 дар вазни -81 кг Сомон Маҳмадбеков ба Ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  Сомон Маҳмадбековро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимаяти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон  ва шумораи зиёди  мухлисон ва кормандони воситаҳои ахбори омма истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, дар даврҳои аввал Сомон Маҳмадбеков варзишгарон аз Фаронса, Нидерланд ва Мисрро мағлуб намуд. Дар марҳилаи баъдӣ Сомон Маҳмадбеков аз варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили мағлуб шуд.  Дар қисмати тасаллобахш Сомон Маҳмадбеков  бар Давид Карапетян аз дастаи варзишгарони фардии бетараф пирӯз шуда, муборизаро барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон идома дод.

Дар ин марҳила Сомон Маҳмадбеков намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро шикаст дод ва мақоми сеюмро касб намуд.

Бояд гуфт, ки ин медали дуюми биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон мебошад. Аввалин медалро Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҳанӯз соли 2007 дар Бразилия ба даст оварда буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 25, 2024 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад