Бо мақсади сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Хатлон вохӯрӣ доир шуд

Май 14, 2024 17:59

ДУШАНБЕ, 14.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сохтмони корхонаи нассоҷӣ дар вилояти Хатлон ва коркарди пахта дар он Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб Арт» дар Тоҷикистон Биан Мао Донг  вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки вилояти Хатлон аз лиҳози кишоварзӣ имконияти зиёд дошта, ҳамасола дар вилоят зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироати полезӣ, инчунин беш аз 1 миллион пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.

Таъкид гардид, ки пас аз омӯзиши бозор, шиносоӣ бо имконияти сармоягузорӣ ва сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилоят амалишавии лоиҳа дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар вилоят Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» фаъол аст, ки аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Дар корхона асосан 32 номгӯй маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмуъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол мебошад.

АКС аз бойгонӣ

Май 14, 2024 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд