Дар шаҳри Боку Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир гардид

Май 21, 2024 09:50

ДУШАНБЕ, 21.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар анҷуман вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микаил Ҷаббаров, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, Директори иҷроияи Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон (AZPROMO) Юсиф Абдуллаев, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, Раиси Шурои Агентии рушди соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон (KOBIA) Орхан Мамедов ва Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷидинзода сухан гуфтанд.

Дар анҷуман имконияти ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ду давлат дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд. Ҳамзамон соҳибкорону сармоягузорони Озарбойҷон барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват шуданд.

Мақсад аз баргузории ин анҷуман муаррифии зарфият ва имконияти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар ин замина густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.


Имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷониби сардори шуъбаи кор бо сармоягузорони Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон (AZPROMO) Наргиз Насирзода ва сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Некрӯй Забирзода тавассути рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ шуд.

Дар анҷуман беш аз 200 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасонии молиявӣ ва сайёҳӣ иштирок намуданд.

Пас аз қисмати расмии анҷуман вохӯриҳои дуҷониба дар қолаби B2B ва B2G баргузор гардида, зиёда аз 15 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи 700 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуданд.

Иштирокчиёни анҷуман ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор намоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 21, 2024 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид