Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид

Май 19, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, иқлим ва пиряхҳо дар Донишгоҳи миллӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва  олимону муҳаққиқон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим, иқтисодиёт ва экология» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори Донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳо қабул шуданд ва онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона истиқбол намуд.

Гуфта шуд, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

Дар идома иштирокчиён дар мавзуъҳои «Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим», «Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон», «Такмили механизми экологӣ-иқтисодии идоракунии обистифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Иқтидор ва дурнамои тараққиёти манбаъҳои барқароршавандаи энергия: тамоюли ҷаҳонӣ ва миллӣ» маърӯза намуданд.


Изҳор карда шуд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мушоҳида менамоем, ки Пешвои муаззами миллат давоми даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ масъалаи мазкурро бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз оқибати ногувори он ба сайёра ҳушдор месозанд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба тавонист бо таҳияи пешниҳодҳои муҳим дар мавриди дарёфти роҳи ҳалли масоили глобалӣ саҳми худро гузорад. Ин иқдомҳои шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пеши назари ҷаҳониён ҳамчун кишвари ташаббускор ва дорои таваҷҷуҳи хос дар ҳалли мушкилоти сайёра муаррифӣ намудаанд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз мутахассисон ва муҳаққиқон даъват гардид, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва амалигардии иқдомоти Пешвои миллат саҳмгузор бошанд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 19, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд