Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар оғози ҷаласа иброз шуд, ки баҳри тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2024 гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.
Бо мақсади иҷрои муқаррароти амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 явари соли 2024 ва татбиқи ҳадафҳои дар боло гуфташуда бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2024 гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи кории доимамалкунанда самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ дар пойтахти мамлакат ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки дар асоси қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе гурӯҳҳои кории доимамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт низ таъсис дода шудаанд.
Инчунин зимни ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба он аз ҷониби иштирокдорон таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






