Дар Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистон ва Русия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва дигар шахсони масъул баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни даври дуюми музокирот масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти муваққатии меҳнатӣ анҷом медиҳанд, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия, густариши ҳамкорӣ оид ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Русия аз 17 апрели соли 2019 муҳокима гардида, иштирокчиён баҳри мукаммал намудани ин лоиҳа якчанд таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Зимни музокирот иштирокчиён оид ба масъалаҳои тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва шаҳрвандони Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳиза ва андешаҳояшонро иброз доштанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






